Тоҷ  |  Рус  |  Eng

Хабарҳо

Протоколи

љаласаи якуми Кумитаи њамоњангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо

ш. Душанбе                                   №1                      «31» январи соли 2017

Раисикунанда: Вазири рушди иќтисод ва савдо Н. Њикматуллозода

          Дар љаласа аз 24 нафар њайати аъзои Кумита, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 24 декабри соли 2016, №529 тасдиќ гардидааст, њамагї 20 нафар иштирок доштанд. Чор нафар намояндагони вазоратњои молия, корњои хориљї, наќлиёт ва Кумитаи андоз (аъзои Кумита) бо сабабњои номаълум дар љаласа иштирок надоштанд. Инчунин, дар кори љаласа 58 нафар намояндагони ташкилотњои тиљоратї ва иттињодияњои љамъиятии Тољикистон ва ташкилотњои хориљї ширкат варзиданд. Тибќи рўзномаи љаласа барои баррасї чор масъала пешнињод гардида буд, аз љумла:

1.     Муњокимаи масъалањои фаъолияти Кумитаи њамоњангсоз.

                              i.            Созишномаи Созмони Умумиљањонии Савдо оид ба соддагардонии расмиёти савдо (Рўнамо аз љониби Сардори Шуъбаи њамкорињо бо мамлакатњои хориљи наздик);

                           ii.            Ташкили кори Кумита (Рўнамо аз љониби Сардори Раёсати њамкорињо бо Созмони Умумиљањонии Савдо – Котиби масъули Кумита);

                        iii.            Дар бораи тасдиќи Ќоидањои љойивазкуни (ротатсия)-и намояндагони корхонаву ташкилотњо дар Кумитаи њамоњангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо.

2.     Муњокима ва тасдиќи лоињањои Наќшаи чорабинињо оид ба таъмини мутобиќати ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, инчунин таљрибаи њуќуќтатбиќкунї ба муќаррароти Созишнома оид ба соддагардонии расмиёти савдо ва Наќшаи чорабинињо бањри таъмини мутобиќати ќонунгузории гумруки Љумњурии Тољикистон бо муќаррароти Конвенсияи байналмилалї оид ба соддагардонї ва њамоњангсозии расмиёти гумрукї (Конвенсияи таљдидгардидаи Киото).

3.     Муњокимаи лоињаи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон “Дар бораи тасдиќи Наќшаи чорабинињои минбаъда оид ба соддагардонии расмиёти маъмурї барои содирот, воридот ва транзити молњо”.

4.     Дигар масъалањо.

          Тањти роњбарии Вазири рушди иќтисод ва савдо муњтарам Н. Њикматуллозода-Раиси Кумитаи њамоњангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо љаласаи якуми Кумитаи њамоњангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо баргузор гардид. Дар љаласаи мазкур намояндагони вазорату идорањои дахлдори Љумњурии Тољикистон-аъзои Кумита, бахши хусусї ва ташкилотњои байналмилалї иштирок намуданд.

          Тибќи рўзномаи љаласа сараввал дар робита ба муњокимаи масъалањои фаъолияти Кумитаи њамоњангсоз се рўнамо дар мавзуъњои Созишномаи Созмони Умумиљањонии Савдо оид ба соддагардонии расмиёти савдо, Ташкили кори Кумита ва Ќоидањои љойивазкуни (ротатсия)-и намояндагони корхонаву ташкилотњо дар Кумитаи њамоњангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо пешкаши аъзои Кумита ва иштирокчиёни љаласа гардонида шуд. Пешнињод гардид, ки бо маќсади баланд бардоштани сатњи огоњии доираи васеи соњибкорон оид ба масъалањои соддагардонии расмиёти савдо љаласањои Кумита дар минтаќањо низ гузаронида шавад.

          Сипас, иштирокчиёни љаласа масъалањои болозикрро мавриди баррасї ва муњокимаронї ќарор дода, пешнињод гардид, ки минбаъд рўйхати иштирокчиён пеш аз љаласа омода карда шавад. Инчунин, аъзои Кумита пешнињод намуданд, ки ба аъзогии Кумита аз њисоби намояндагони корхонаву ташкилотњо ва иттињодияњои љамъиятї 12 нафар њамроњ карда шавад ва иброз гардид, ки рўйхат дар муњлати наздиктарин ба Котибот ирсол карда шавад.

          Дар робита ба лоињањои Наќшаи чорабинињо оид ба таъмини мутобиќати ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, инчунин таљрибаи њуќуќтатбиќкунї ба муќаррароти Созишнома оид ба соддагардонии расмиёти савдо ва Наќшаи чорабинињо бањри таъмини мутобиќати ќонунгузории гумруки Љумњурии Тољикистон бо муќаррароти Конвенсияи байналмилалї оид ба соддагардонї ва њамоњангсозии расмиёти гумрукї (Конвенсияи таљдидгардидаи Киото) ва лоињаи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон “Дар бораи тасдиќи Наќшаи чорабинињои минбаъда оид ба соддагардонии расмиёти маъмурї барои содирот, воридот ва транзити молњо” аъзои Кумита иброз доштанд, ки онњо бори дигар мавриди баррасї ќарор гирифта, дар муњлати ду њафта барои баррасї ба рўзномаи љаласаи навбатї пешнињод карда мешаванд.

          Аз љониби Раиси Кумита пешнињод гардид, ки минбаъд њангоми бо сабабњои узрнок иштирок накардани аъзои Кумита дар кори љаласа тибќи талаботи Низомномаи Кумита, аъзои Кумита оид ба иштирок накардани худ дар љаласа бояд ба таври хаттї пешакї Котиботи Кумитаро огоњ созад.

          Њамзамон, пешнињод шуд, ки минбаъд лоињањои санадњои меъёрии њуќуќї ва дигар масъалањои баррасишавандаи вобаста ба самти соддагардонии расмиёти савдо як ё ду њафта пеш аз баргузории љаласа ба Котиботи Кумита барои баррасї ирсол карда шаванд.

          Дар рафти љаласа пешнињод гардид, ки барои пешбурди масъалањои “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиётњои содиротию воридотї ва транзити молњо”, оид ба дастгирии корхонањои саноатї ва рушди содирот, оид ба мутобиќ намудани ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба муќаррароти Созишномаи СУС оид ба соддагардонии расмиёти савдо ва инчунин, рољеъ ба масъалањои бонкї дар љаласањои минбаъда Гурўњњои кории техникї (фаннї) таъсис дода шаванд.

          Аз љониби Раиси Кумита-Вазири рушди иќтисод ва савдо аъзои Кумита вазифадор гардиданд, ки оид ба тањияи наќшаи кори Кумита барои соли 2017 таклиф ва пешнињодњои худро ба Котиботи Кумита то љаласаи навбатї пешнињод намоянд.

          Мавриди зикр аст, ки дар кори љаласаи Кумита доир ба масъалањои зикршуда намояндагони ташкилотњои тиљоратї ва иттињодияњои љамъиятии Тољикистон, инчунин намояндагони ташкилотњои хориљї баромад намуда, фикру аќидањои худро манзур намуданд. Пешнињодњои ироагардида аз љониби Кумита пазируфта шуд.

          Аз натиљаи масъалањои баррасишуда љаласаи Кумита ќарор ќабул намуд:

         

1.     Љаласаи навбатии Кумита баъди як моњ баргузор карда шавад.

2.     Аз љониби Котиботи техникї дар якљоягї бо аъзои Кумита Наќшаи кори Кумита тањия ва ба баррасии љаласаи навбатї пешнињод карда шавад.

3.     Рўйхати намояндагони корхонаву ташкилотњо ва иттињодияњои љамъиятии Тољикистон барои аъзогї ба Кумита барои тасдиќи баъдї ирсол карда шавад.

4.     Ќоидањои љойивазкуни (ротатсия)-и намояндагони корхонаву ташкилотњо дар Кумитаи њамоњангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо (бо назардошти таклифу пешнињодњо) тасдиќ карда шавад.

5.     Барои пешбурди масъалањои Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиётњои содиротию воридотї ва транзити молњо Гурўњи кории техникї бо роњбарии намояндаи Хадамоти гумрук таъсис дода шавад.

6.     Љињати такмил додани лоињањои Наќшаи чорабинињо оид ба таъмини мутобиќати ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, инчунин таљрибаи њуќуќтатбиќкунї ба муќаррароти Созишнома оид ба соддагардонии расмиёти савдо ва Наќшаи чорабинињо бањри таъмини мутобиќати ќонунгузории гумруки Љумњурии Тољикистон бо муќаррароти Конвенсияи байналмилалї оид ба соддагардонї ва њамоњангсозии расмиёти гумрукї (Конвенсияи таљдидгардидаи Киото) ва лоињаи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон “Дар бораи тасдиќи Наќшаи чорабинињои минбаъда оид ба соддагардонии расмиёти маъмурї барои содирот, воридот ва транзити молњо” аъзои Кумита пешнињодњои худро дар муњлати ду њафта ба Котиботи Кумита манзур намоянд.

         

Баргашт ба руйхат