Тоҷ  |  Рус  |  Eng

Хабарҳо

Рӯзҳои 10 ва 11 апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва дастгирии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон  конфронси минтақавӣ дар мавзӯи “Ишораи мавзеи ҷуғрофии истеҳсоли маҳсулот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ” баргузор гардид.

Чорабиниро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Ҷӯразода Тоҷиддин ва Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мерилин Ёсефсон ифтитоҳ намуда, дар рафти он  зиёда аз 100 нафар намояндагони кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагони Корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин намояндагони бахшҳои хусусию давлатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ассотсиатсияи фермерон ва ҳунармандон, ташкилотҳои миёнарави минтақавӣ ва донорҳои байналхалқӣ ширкат варзиданд.

Қайд бояд кард, ки чунин конфронс дар робита ба масъалаҳои ишораи мавзеи ҷуғрофии истеҳсоли маҳсулот бори аввал аст, ки дар Осиёи марказӣ  гузаронида мешавад.

Ҳадафи конфронс амалан нишон додани роҳҳои таҳияи тартиби ишораи мавзеи ҷуғрофии молҳо дар Осиёи Марказӣ истеҳсолшаванда бо мақсади мусоидат ба таҳкими ҳамкории тиҷорат минтақавӣ ва содда гардонидани расмиёти савдо, инчунин рушди иқтидори содиротӣ дар минтақа арзёбӣ мегардад.

 Баргузории ин чорабинӣ ба рақобатпазир намудани молу маҳсулоти кишварҳо кӯмак расонида, ҳамзамон ба раванди ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Низоми умумии бархурдории тиҷорати Иттиҳоди Аврупо (GSP+)  мусоидат менамояд.

Баргашт ба руйхат