Тоҷ  |  Рус  |  Eng

Хабарҳо

Рӯзи 22 майи соли 2019 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария дар бинои Созмони Умумиљањонии Савдо (СУС) тафсири сиёсати савдои кишвари Тринидад ваТобаго баргузор гардид, ки дар он ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин  иштирок карда, мавќеи Љумњурии Тољикистонро муаррифї намуданд.

Маќсади асосии иштироки њайати Љумњурии Тољикистон дар тафсири сиёсати савдои кишвари Тринидад ва Тобаго, ин шиносої ба рафт ва тартиби баргузории чорабинї, табодули таљриба ва гузаронидани мулоќоту машваратњо бо масъулини созмон дар робита ба баргузории якумин тафсири сиёсати савдои Љумњурии Тољикистон дар назди СУС мебошад.

Ќайд бояд кард, ки дар асоси супориши Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон баргузории якумин тафсири сиёсати савдои Љумњурии Тољикистон дар назди СУС моњи апрели соли 2020 ба наќша гирифта шуда, дар робита ба он аз љониби Њукумати љумњурї љињати дар сатњи назаррас гузаронидани чорабинии ќайдгардида наќшаи корї тасдиќ гардидааст.

Бинобар ин иштироки њайати расмии кишвар дар тафсири сиёсати савдои Тринидад ва Тобаго љињати дар сатњи зарурї омода намудани њисоботи тафсири сиёсати савдои Љумњурии Тољикистон дар назди СУС муфид арзёбї гардид.

 

 

 

 

 

 

Баргашт ба руйхат