Тоҷ  |  Рус  |  Eng

Хабарҳо

ш. Душанбе                           №7                              29 майи соли 2019

Раисикунанда: Вазири рушди иқтисод ва савдо - Н. Ҳикматуллозода  

Дар ҷаласа аъзои Кумита, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2016, №529 тасдиқ гардидааст, иштирок намуданд.   

Инчунин дар кори ҷаласа намояндагони ташкилотҳои хориҷӣ ва шарикони рушд, аз ҷумла Маркази байналмилалии савдо, Барномаи рушди СММ, Дафтари ҳамкориҳои иқтисодии Швейтсария, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва намояндагони Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ иштирок варзиданд.  

Тибқи рӯзномаи ҷаласа 3 масъалаи асосӣ баррасӣ гардид, аз ҷумла:

 1. Ҳисоботи котиби масъули КҲСРС вобаста ба корҳои анҷомдодашуда дар соли 2018;

 2. Мушкилоти бахши хусусӣ ва имтиёзҳои пешниҳодгардида барои воридот ва содироти маҳсулоти нассоҷӣ, кешбофӣ ва дӯзандагӣ;

 3. Эътирофи сертификатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди дигар кишварҳо ва кам кардани номгӯи маҳсулоте, ки ҳатман сертификатсия карда мешаванд.

Вазири рушди иқтисод ва савдо - Раиси Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо Н. Ҳикматуллозода ҷаласаро оғоз намуда, ба ҳозирин барои иштирок дар ҷаласаи ҳафтуми Кумита изҳори сипос намуд.

Раиси Кумита қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба ҳалли масъалаи таъмини шароити мусоид барои рушди савдои дохилию хориҷӣ ва дар ин замина андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати кам кардани монеаҳо дар савдо ва хизматрасониҳо ба мақомоти дахлдор дастурҳои мушаххас додаанд.

Чунончӣ рӯзи 10 майи соли 2019 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаҳои молия, бонкдорӣ, андоз, гумрук ва сармоягузорӣ фаъолияти мақомоти мазкур мавриди таҳлили ҳаматарафа қарор гардид ва барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои дахлдор дода шуд. Вазифаи Кумита ҳам дар он аст, ки барои амалӣ шудани дастуру супоришҳо вобаста ба дастгирии соҳибкорон ва фароҳам овардани шароити мусоид ва шаффофи хизматрасонӣ аз тарафи ниҳодҳои давлатӣ мусоидат намояд. Аз ҷумла таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав ба ҳамин мақсадҳо супориш дода шудааст.

Дар ҷаласа Котиби масъули Кумита, Абдураҳмонов Абдураҳмон доир ба рафти иҷрои супоришҳои протоколии ҷаласаҳои қаблӣ ҳисобот пешниҳод намуда, қайд кард, ки дар соли 2018 3 ҷаласаи расмии Кумита баргузор гардида, ба аъзои он супоришҳои дахлдор дода шудаанд, аз ҷумла иҷрои бандҳои дахлдори Харитаи роҳи Куматаи ҳамоҳангсоз, ҷойгиркунонии уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созишномаи СУС оид ба соддагардонии расмиёти савдо ба категорияҳои А, В ва С, фаъол гардонидани Портали савдои Тоҷикистон, иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба мутобиқсозии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муқаррароти Созишномаи СУС оид ба соддагардонии расмиёти савдо, таҳия ва тасдиқи Барномаи рушди хизматрасониҳои нақлиётӣ, инчунин интихоби ҳайати нави аъзои намояндагони Кумита аз ҳисоби корхонаву ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон.

Раис ва аъзои Кумита интихоби хайати нави Кумитаро дастгирӣ намуда, Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон (ИРБХТ) ва Иттифоқи мушовирони касбии Тоҷикистонро ба аъзогии Кумита қабул намуданд.

Вобаста ба масъалаи дуюми ҷаласа Муҳаммадиев Абдулло - Сардори Раёсати корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон (ИРБХТ) оид ба мушкилоти соҳа маълумот дод. Қайд намуд, ки воридоти маҳсулоти пастсифат ба бозори дохилии  кишвар (бе сертификати сифат, кишвари истеҳсолкунандаи мол, инвойс, воҳиди ченак ва ҳуҷҷатҳои гумрукӣ) ва баъзе ҳолатҳои воридоти ғайрирасмии маҳсулоти нассоҷӣ  боиси рақобати носолим дар бозорҳои дохилии кишвар гардида, ба истеҳсолкунандагони ватанӣ монеа эҷод мекунанд.         

Раиси Кумита илова намуд, ки дар мулоқоти рӯзи 10 майи соли ҷорӣ Роҳбари давлат ба мақомотҳои дахлдори дар сарҳад фаъолияткунанда ҷиҳати бартараф намудани мушкилот дар самти барасмиятдарории гумрукӣ, ҳамлу нақл ва омори дурусти содироту воридоти молу маҳсулот супоришҳои дахлдор доданд.

Илова бар ин, аз ҷониби Сардори шуъбаи рушди маъмурикунонии андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамо оид ба имтиёзҳои пешниҳодгардида ба соҳаи нассоҷӣ ва самаранокии онҳо манзур гардид.

Раиси Кумита қайд намуд, ки айни замон аз тарафи вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби озод намудан аз андози аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукии ашёи хом, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол намешаванд таҳия шудааст ва мавриди амал қарор гирифтани он мушкилоти соҳаи нассоҷӣ, кешбофӣ ва дӯзандагиро ҷаҳати таъмин бо ашёи хом осон мегардонад.

Инчунин намояндаи ИРБХТ пешниҳод намуд, ки ҷиҳати дастгирии минбаъдаи соҳаи мазкур ба мақсад мувофиқ мебошад, ки Фонди дастгирии рушди соҳаи нассоҷӣ дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис дода шавад.

Дар идомаи ҷаласа аз ҷониби намояндаи ҶДММ “Лесинвест” вобаста ба мушкилоти ворид намудани нушокиҳои энергетикии “РЕД БУЛЛ” рӯнамо пешниҳод гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки ҶДММ “Лесинвест” ягона ширкате ба ҳисоб меравад, ки ба кишвар нушокиҳои энергетикии “РЕД БУЛЛ”-ро ворид менамояд. Айни замон ширкат бо мушкилоти зиёде дучор шудааст, аз ҷумла воридоти ғайрирасмии нушокиҳои энергетикии “РЕД БУЛЛ” ва баланд шудани боҷи гумрукии воридотӣ. Тибқи маълумоти пешниҳодгардида ширкати ҶДММ “Лесинвест” қаблан 0,07 евро боҷи гумрукии воридотӣ барои 1 литр нушокиҳои энергетикии “РЕД БУЛЛ” пардохт менамуд, ҳоло бошад тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2018, №399 “Дар бораи меъёрҳои боҷҳои гумрукии воридотӣ” 20%, вале на камтар аз 0,12 евро барои 1 литр муқаррар гардидааст.

Раиси Кумита вобаста ба масъалаи баррасишаванда, бахусус ҷилавгирӣ намудан аз воридоти ғайрирасмии молҳо тариқи сарҳади гумрукии кишвар ба мақомотҳои дахлдор супоришҳои дахлдор доданд, аз ҷумла дастур шуд, ки масъалаи ҶДММ “Лесинвест” дар Гурӯҳи кории доимоамалкунандаи коршиносон оид ба такмили фишангҳои тарифию ғайритарифии савдои хориҷӣ ҷиҳати дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди содирот ҳаматарафа баррасӣ гардад.

Намояндаи Хадамоти гумрук омодагии худро барои баррасии мушкилоти ширкати мазкур дар доираи талаботи қонунгузории амалкунандаи кишвар иброз намуд.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби намояндагони Агентии “Тоҷикстандарт” ва Кумитаи бехатарии озуқаворӣ гузоришҳо вобаста ба эътирофи сертификатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди дигар кишварҳо шунида шуд.

Намояндаи Агентии “Тоҷикстандарт” қайд намуд, ки масъалаи эътирофи сертификатҳои ҷумҳурӣ дар дигар кишварҳо дар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ, аз ҷумла Созишномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) аз 13 марти соли 1992 “Дар бораи пешбурди сиёсати ҳамоҳангшуда оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи мутобиқат” амалӣ карда мешавад. Инчунин гузориш оид ба кам кардани номгӯи маҳсулоте, ки ҳатман сертифакатсия карда мешаванд шунида шуд.

Раиси Кумита қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 2500 номгӯи маҳсулоти ҳатман сертификатсияшаванда мебошад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба дигар кишварҳо тақрибан ду маротиба зиёд аст.    

Дар идома Раиси Кумита қайд намуд, ки бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ” ва банди 2 қисми 1 Нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014, №691 “Дар бораи Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС)” санади меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи татбиқи чораҳои махсуси муҳофизатӣ, зиддидемпингӣ ва ҷубронӣ нисбат ба давлатҳои сеюм бояд таҳия карда шавад. Аз ин лиҳоз пешниҳод гардид, ки оид ба таҳияи санади меъёрии ҳуқуқии мазкур дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки шахсони масъул аз вазорату идораҳои дахлдор Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шавад.  

Ҷиҳати содда намудани расмиёти воридотию содиротии молу маҳсулот Гурӯҳи кории байниидоравӣ бо ҷалби мутахассисон аз вазорату идораҳои дахлдор оид ба такмили Портали савдои Тоҷикистон, ки моҳи апрели соли ҷорӣ расман ифтитоҳ гардида буд, таъсис дода шавад.

Дар идома Роҳбари Дафтари ҳамкориҳои иқтисодии Швейтсария дар Душанбе қайд намуд, ки барои рушди соҳаи нассоҷӣ дар кишвар имкониятҳо зиёд аст ва дар сурати пешниҳод гардидани лоиҳаи мушаххас Дафтари ҳамкориҳои иқтисодии Швейтсария омодааст дар ин самт ҳамкорӣ намояд.

Инчунин намояндаи Корпоратсияи байналмиллалии молиявӣ баромад намуда гуфт, ки айни замон барои дастгирии молистеҳсолкунандагон ва содиркунандагон лоиҳаи нав омода шуда истодааст ва ин имкон медиҳад, ки сарчашмаҳои маблағгузорӣ фароҳам оварда шавад.

Роҳбари Ассотсиатсияи брокерони гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудова Фирӯза баромад намуда, оид ба мушкилоте, ки субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ дар ҳолати интиқоли мол дучор мегарданд, иброз  намуд. Дархост намуд, ки дар раванди таҳияи лоиҳаи Кодекси андоз намояндагони бахши хусусӣ низ ҷалб карда шаванд.

Дар раванди баррасии масъалаҳои пешниҳодшуда аъзои Кумита ва иштирокчиён таклифу пешниҳодҳои худро манзур намуданд, аз ҷумла Раиси Кумита, Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо ва дигар аъзо ва шарикони рушд фикру ақидаҳои худро оид ба масъалаҳои баррасигардида, инчунин роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта иброз намуданд.

Аз натиҷаи масъалаҳои дар ҷаласа баррасишуда қарорҳои зерин қабул гардиданд:

1. Мониторинги иҷрои супоришҳои протоколии Кумита таҳти назорати доимии котибот қарор дода шуда, назорати он мунтазам ба роҳ монда шавад;

2. Хадамоти гумрук дар нимсолаи дуюми соли 2019 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

3. Хадамоти гумрук ва Вазорати нақлиёт барасмиятдарории гумрукии воридкунандагонро тибқи таъиноти мол ва дар кадом терминал воридкунанда мехоҳад барасмият дарорад анҷом дода, вобаста ба мушкилоти соҳа ба Котиботи Кумита маълумот пешниҳод карда шавад;

4. Вазорати нақлиёт Барномаи рушди хизматрасониҳои нақлиётиро дар мӯҳлати кӯтоҳтарин баъд аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

5. Ба Гурӯҳи доимоамалкунандаи коршиносон оид ба такмили фишангҳои тарифию ғайритарифии савдои хориҷӣ супориш дода мешавад, ки ҷаласаи навбатӣ гузаронида, масъалаи ҶДММ “Лесинвест”-ро мавриди баррасӣ қарор дода, аз натиҷаи он маълумот пешниҳод намояд;

6. Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва Агентии “Тоҷикстандарт” эътирофи сертификатҳои ҷумҳуриро дар дигар кишварҳо дар асоси созишномаҳои басташудаи байниҳукуматӣ таҳти назорат қарор дода, рафти иҷрои онҳоро таҳлил намуда, ба Котиботи Кумита маълумот пешниҳод намоянд;

7. Агентии “Тоҷикстандарт” дар муҳлати 3 моҳ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2012, №310 “Дар бораи Номгӯи мол (кор, хизматрасониҳо), ки бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд” таҳия карда, бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод намояд;

8.  Аз ҷониби Ассотсиатсияи брокерони гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати молия мактуб ҷиҳати шомил намудани бахши хусусӣ дар таҳияи лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав пешниҳод карда шавад;

9.  Дар назди КҲСРС Гурӯҳи кории байниидоравӣ бо ҷалби мутахассисон аз вазорату идораҳои дахлдор оид ба баррасии мушкилоти соҳаи нассоҷӣ, кешбофӣ ва дӯзандагӣ таъсис дода шавад:

10.  Бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ” ва банди 2 қисми 1 Нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014, №691 “Дар бораи Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС)”. Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳия намудани санади меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи татбиқи чораҳои махсуси муҳофизатӣ, зиддидемпингӣ ва ҷубронӣ нисбат ба давлатҳои сеюм таъсис дода шавад;

11. Ҷиҳати содда намудани расмиёти воридотию содиротии молу маҳсулот Гурӯҳи кории байниидоравӣ бо ҷалби мутахассисон аз вазорату идораҳои дахлдор оид ба такмили Портали савдои Тоҷикистон таъсис дода шавад;

12. Протоколи ҷаласа ба аъзои Кумита, вазорату идораҳои дахлдор ва бахши хусусӣ барои баррасӣ ва иҷрои супоришҳои қарорҳои қабулгардида пешниҳод карда шавад. 

Баргашт ба руйхат