Тоҷ  |  Рус  |  Eng

Хабарҳо

Рӯзи 3 декабри соли 2019 ҷаласаи нуҳуми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо (КҲСРС) бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ баргузор гардид, ки онро Муовини якуми раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар, муовини раиси кумита роҳбарӣ намуд.
Дар доираи ҷаласа гузориши муфассал оид ба мониторинги иҷрои супоришҳои протоколии КҲСРС  ва нақшаи фаъолияти Кумита барои соли 2020 шунида шуда, инчунин масъалаҳо вобаста ба мушкилот дар фаъолияти бахши хусусӣ баррасӣ гардиданд.
Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба ҳалли масъалаи таъмини шароити мусоид барои соҳибкорони ватанӣ, рушди савдои дохилию хориҷӣ ва дар ин замина андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати кам кардани монеаҳо дар савдо ва хизматрасониҳо ба мақомоти дахлдор дастурҳои мушаххас додаанд.
Илова ба ин аз ҷониби намояндагони бахши хусусӣ рӯнамоҳо пешниҳод карда шуда, ҳамзамон масъалаҳо вобаста ба мушкилоти ҷойдошта ва ҳалли онҳо мавриди таваҷҷуҳ ва баррасии намояндагони мақомоти давлатӣ қарор гирифтанд.
Қайд бояд кард, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷоннок намудани муколама байни бахши хусусӣ ва мақомоти давлатӣ ва аз ин тариқ ҳал намудани мушкилоти фаъолияти онҳо дар як сол 4 маротиба ҷаласаҳои КҲСРС баргузор мегарданд.

Баргашт ба руйхат