Маълумот оид ба таъсири вируси КОВИД-19 ба соҳаи кишоварзӣ
Намояндагии доимӣ бо арзи эҳиром ба шумо маълумот оид ба таъсири вируси КОВИД-19 ба соҳаи кишоварзӣ ва чораҳои роҳандозишуда аз ҷониби кишварҳои аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС)-ро пешниҳод менамояд.
Шуюи вируси КОВИД-19 ва ҳамагирии босуръати он аллакай ба ҳама соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвараҳои ҷаҳон таъсири манфии худро расонидааст. Кишоварзӣ низ дар қатори дигар самтҳо аз ин бӯҳрон осебпазир буда, мушкилоти соҳа боиси нигаронии бисёре аз тавлидкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва вокуниши фаврии кишварҳои аъзои СУС гардидааст. Аммо мувофиқи маълумоти СУС дар ин давраи буҳронӣ соҳаи кишоварзӣ нисбат ба дигар соҳаҳои воқеии иқтисодӣ ба тобоварии бештар рӯбарӯ буда, таъсири манфии вируси КОВИД-19 ба ин соҳа камтар ба назар мерасад.
Савдои маҳсулоти кишоварзӣ дар моҳҳои март ва апрели соли 2020 (нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 мутаносибан 3,3 ва 0,6 фоиз) афзоиш ёфтааст. Савдои маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба дигар маҳсулот бо назардошти он ки интиқоли қисми зиёди маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрокворӣ (бахусус ғалладона ва зироатҳои равғанӣ) тавассути бандарҳо бо таври яклухт сурат мегирад ва ҳангоми ҳамлу нақли онҳо нисбатан ҳамкории шумораи ками қувваи кории физикӣ талаб мегардад, то андозае аз таъсири манфии вирус дар эмин мондааст. Бо назардошти ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳо ба фаъолияти воситаҳои нақлиётӣ, басташавии роҳҳои ҳавоӣ, инчунин зудвайроншаванда будани аксари маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳангоми интиқол вақти камро талаб намудани ин гуна маҳсулот, таъсири манфии вирус бештар ба соҳаи кишоварзии давлатҳое, ки дар хушкӣ ҷойгир шудаанд ва интиқоли маҳсулоти кишоварзиашонро тавассути воситаҳои нақлиётӣ ва интиқоли ҳавоӣ ба роҳ мондаанд, зиёдтар ба назар мерасад.
Қайд бояд кард, ки дар давраи бӯҳронӣ асосан содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладонагиҳо, маҳсулоти гӯштӣ, донагиҳо, зироатҳои равғанӣ, меваҳои тару тоза ва хушк афзоиш ёфта, содироти маҳсулоти кишоварзии ғайриғизоӣ, ба монанди пашм, пӯст, дарахтҳо, растаниҳо, гулҳо ва ғайраҳо босуръат коҳиш ёфтанд.
Афзоиши ибтидоии содироти бисёре аз маҳсулоти хӯрокворӣ бо назартдошти баста шудани тарабхонаҳо, ошхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва зиёд гардидани талабот ҷиҳати захиракунии маҳсулоти хӯрокворӣ дар шакли чакана ва истеъмоли онҳо дар хонаҳо ба моҳи марти соли 2020 рост меояд. Дар заминаи ваҳму ҳангомаи истеъмолкунандагон кишварҳои зиёд барномаҳои захиракунии маҳсулоти аввалияи хӯрокворӣ ва шакли тақсимоти он ба ниёзмндонро қабул намуданд, ки дар натиҷаи он талабот ба маҳсулоти кишоварзӣ зиёд гардид. Дар моҳи апрел бошад ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар маҷмӯъ ба ҳамин давраи соли 2019 баробар буд.
Аз ҷониби СУС пахта ва коркарди маҳсулоти пахтагин бинобар сабаби аҳамияти хоси он барои баъзе кишварҳои камбизоат дар ҷаҳон аз наздик назорат карда шуда, содироти он аз аввали сол дар натиҷаи таъсири COVID-19 ба савдои ҷаҳонии либос ва коҳиш ёфтани масрафи умумӣ хеле коҳиш ёфт. Мувофиқи пешбиниҳои Кумитаи машваратии байналмилалӣ оид ба пахта (ICAC) талаботи ҷаҳонии пахта дар давраи бозорёбии солҳои 2019-2020 нисбат ба ҳамин давраи солҳои қаблӣ 13 фоиз коҳиш ёфта, содироти он дар ҷаҳон ба 8,6 миллион тонна коҳиш хоҳад ёфт.
Инчунин тибқи иттилои ин Кумита вируси КОВИД-19 тақрибан ба фаъолияти 4 миллион хоҷагиҳои деҳқонии хурд дар минтақаи Африқо ва кишварҳои камтараққикарда (LDC), аз ҷумла Бенин, Бурқина Фасо, Чад, Малӣ ва ғайра, ки аз 8 то 12 фоизи ММД-и онҳо аз ҳисоби пахта ва истеҳсоли он мебошад, таъсири ҷиддӣ расонидааст. Дар ин кишварҳо савдои пахта то 40 фоизи ҳаҷми умумии содиротро ташкил намуда, зиёда аз 33 фоизи қувваи кории миллӣ ба ин соҳа рост меояд.
Дар минтақаи Осиё бошад содироти маҳсулоти кишоварзӣ асосан дар семоҳаи аввали сол ва дар Аврупо ва Амрикои Шимолӣ моҳи апрели соли равон коҳиш ёфт. Аммо дар ин давра содироти маҳсулоти кишоварзии кишварҳои Мянмар, Ҳабашистон (новобаста аз давлатҳои камтараққӣ буданашон) ва Амрикои Ҷанубӣ зиёд шуд. Ин нишондиҳандаҳои мусбӣ асосан аз ҳисоби афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии кишвари Бразилия (14,2 фоиз дар моҳи март ва 30,6 фоиз дар моҳи апрел нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 зиёд шуд) мебошад, ки тақрибан нисфи содироти кишоварзии минтақаи Амрикои Ҷанубиро ташкил дода, асосан ба давлатҳои минтақаи Осиё содирот шудааст.
Мувофиқи маълумоти Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FAO) шохиси (индекси) арзиши маҳсулоти кишоварзӣ аллакай дар аввали соли 2020, ҳатто пеш аз ҳамагирии бӯҳрони COVID-19 ба тамоюли пастшавӣ рӯбарӯ буд. Шохиси арзиши маҳсулоти озуқавории Ташкилоти қайдгардида нишон медиҳад, ки пастравии зиёд асосан ба нархҳои равғани растанӣ, шакар, гӯшт ва маҳсулоти ширӣ рост меояд. Арзиши маҳсулоти ғалладонагӣ бошад бо назардошти ҷорӣ гардидани як қатор маҳдудиятҳо барои содирот, инчунин бо таври яклухт ва кам интиқол додани онҳо нисбатан мӯътадил нигоҳ дошта шуд. Дар нимсолаи якуми соли 2020 афзоиши аввалини арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла барқароршавии нархҳои равғани растанӣ, шакар, гӯшт ва маҳсулоти ширӣ пас аз коҳиши шадиди моҳи май то 2,4 фоиз дар моҳи июн ба қайд гирифта шуд. Аммо мутахассисон бар ин назаранд, ки бо назардошти тӯлонитар будани бӯҳрони иқтисодӣ, ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳо, мушкил гардидани занҷираи таъминкунӣ, таваҷҷуҳи хоса ба рушди истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ ва кам гардидани талабот ба он арзиши маҳсулоти кишоварзӣ дар сатҳи пасттар боқӣ хоҳад монд.
Тадбирҳое, ки ҳукуматҳо барои рафъи оқибатҳои бӯҳрони COVID-19 роҳандозӣ намуданд, асосан ба ду зина тақсим мешаванд:
Чораҳои марҳилаи якум бо мақсади пешгирии паҳншавии вирус ва кафолати дастрасии маводи хӯрока ба аҳолӣ ва марҳилаи дуюм барои ислоҳи вазъи бӯҳронӣ, барқарории занҷираҳои шикастаи таъминкунӣ, инчунин расонидани кӯмак ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзиро дар бар гирифта, ин ду зина дар бисёр вақтҳо ҳамзамон иҷро мегардиданд.
Марҳилаи 1: идоракунии бӯҳрон
Вақте ки бӯҳрони тандурустии COVID-19 ба миён омад, кишварҳо дарҳол як қатор чораҳои фарогирро амалӣ намуданд, ки онҳоро ба се категория тақсим кардан мумкин аст:
a) чораҳои басташавӣ, масалан маҳдудкунии савдо, талабот оид ба фосилагирии иҷтимоӣ, маҳдудияти ҳаракат ва манъи сафар, тадбирҳои дахлдор дар сарҳад ва басташавии онҳо;
б) таваҷҷуҳ ба соҳаи кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ ва савдои чакана ҳамчун самтҳои асосии фаъолият;
в) тадбирҳо барои кафолати захираҳои кофии озуқаворӣ, ба монанди мусоидат ба воридот ( паст кардани тарифҳо, содагардонии расмиёти марзӣ, сабук кардани талаботи тамғагузорӣ), маҳдуд кардани содирот, сохтан ё васеъ кардани анборҳои нигоҳдорӣ ва тақсим кардани хӯрок ба аҳолии осебпазир.
Таҳдиди хатари ҷиддии вируси КОВИД-19 ба саломатии мардум ва маҳдудиятҳои иҷтимоӣ ба норасоии қувваи корӣ дар занҷираи таъминоти маводи озуқаворӣ, коҳиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳосил ва тақсимоти маҳсулоти хӯрокворӣ боис гардид.
Хусусан коркарди зироатҳои гаронарзиш, ки маъмулан бештар меҳнатталабанд ва дар баъзе минтақаҳо ба муҳоҷирони меҳнатӣ вобастагӣ дорад, зарари ҷиддӣ диданд. Мутахассисони соҳа ба ин назаранд, ки зиёда аз чоряки корҳои хоҷагиҳои деҳқониро дар ҷаҳон муҳоҷирони меҳнатӣ анҷом медиҳанд. Масалан дар Италия 90 фоиз, Фаронса 80 фоиз, Австралия 50 фоиз ва ИМА 10 фоизи коргарони соҳаи кишоварзиро шаҳрвандони дигар кишварҳо ташкил медиҳад, ки асосан ин корҳо мавсимӣ мебошанд ва дар натиҷаи басташавии сарҳадҳо ба соҳа хисороти зиёд ворид шудааст.
Бо мақсади бартараф намудани ин мушкилоти пешомада дар соҳаи кишоварзӣ аз тарафи чанде аз қудратҳои бузурги иқтисодӣ имтиёзҳо ва тадбирҳои содагардонӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ пешниҳод карда шуд. Аз ҷумла дар моҳҳои март ва апрел аз ҷониби Олмон, ИМА, Австралия, Италия, Зеландияи Нав, Канада, Хитой ва ғайраҳо маҳдудиятҳои вурудӣ барои муҳоҷирон сабук карда шуда, як қатор имтиёзҳо, ба монанди сода намудани низоми дастрасии раводид ва тамдиди он, дароз намудани шартномаи муҳоҷирон ва ҳатто расонидани кӯмакҳои молиявӣ пешниҳод гардид.
Инчунин дар баъзе давлатҳо ба хотири пешгирии ҳамагирии вирус тадбирҳои маҳдудкунандаи воридотии санитарӣ ва фитосанитарӣ қабул карда шуданд. Дар аввал воридоти ҳайвонот ва ё транзит тавассути минтақаҳои аз вирус осебдида маҳдуд гардида, талаботи сертификатсия зиёд карда шуданд. Бо вуҷуди ин моҳи апрел дар робита ба додани иҷозат ба мақоми назоратӣ барои истифодаи муваққатии шаҳодатномаҳои фитосанитарӣ ва ё байторӣ аз ҷониби кишварҳои аъзои СУС ба Котиботи созмон огоҳиномаҳо пешниҳод шуданд. Дар маҷмӯъ то охири моҳи июл аз тарафи 23 кишвар вобаста ба вируси КОВИД-19 огоҳиномаҳо танҳо оид ба чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ ба СУС дастрас карда шуданд.
Чораҳои тарифӣ, ки дар посух ба бӯҳрони КОВИД-19 андешида шудаанд, асосан тамоюли озодкуниро нишон дода, ба таъмини устувории маҳсулоти хӯрокворӣ равона шудааст. Зиёда аз 20 кишвар, аз ҷумла Туркия, Ӯзбекистон, кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, Қатар, Африқои Ҷанубӣ, Самоа, Марокаш, Коста-Рика, Салвадор, Чад, Мавритания ва ғайраҳо барои маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ тарифҳои гумрукиро муваққатан коҳиш дода, баъзеи онҳо ин маҳсулотро аз боҷ озод намуданд.
Баъзе давлатҳои дигар бошанд ба соҳаи кишоварзӣ имтиёзҳои гуногунро, ба мисли додани қарзҳои дарозмуддат бо фоизи паст ва ё бефоиз (Швейтсария), ба таъхир андохтани пардохти боҷ (Шоҳигарии Арабистони Саудӣ), муваққатан озод кардани андоз аз арзиши иловашуда (Кения), пешбинӣ кардани квотаҳои тарифӣ барои маводи ниёзи аввалияи мардум (Лихтенштейн), тезонидани расмиёти гумрукӣ ва эҷоди “долонҳои сабз” (Иттиҳоди Авпупо) пешниҳод карданд.
Ҳамзамон бо мақсади пешгирии вирус ва бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ як қатор кишварҳои асосии содироткунандаи маҳсулоти кишоварзӣ, ба монанди Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Таиланд, Украина, Иттиҳоди Аврупо, Камбоҷа, Миср, Салвадор, Ҳондурас, Македония, Мянма ва Ветнам ба содироти маҳсулоти хӯрокворӣ (гандум, орд, биринҷ, офтобпараст, равған, тухм, макарон, шакар, намак, сабзавот, шароб ва хӯроки чорво) маҳдудият ҷорӣ намуданд, ки бархеи он тадбирҳо аллакай бекор карда шуданд.
Марҳилаи 2: Таъмини занҷираҳои таъминот ва кӯмак ба истеҳсолкунандагони кишоварзӣ
Тадбирҳое, ки ҷиҳати дастгирии кишоварзон дар марҳилаи дуюм пешбинӣ шудаанд, ба се категория тақсим кардан мумкин аст:
а) чораҳо оид ба рушди устуворӣ (тобоварӣ);
б) тадбирҳо оид ба дастгирии даромади истеҳсолкунандагон;
в) чораҳо вобаста ба дастгирии содирот ва содда кардани савдо.
Дар марҳилаи дуюм низ ба хотири бартараф намудани хисороти дар натиҷаи вирус ба соҳаи кишоварзӣ воридшуда аз ҷониби кишварҳо барномаҳо ва кӯмакҳо дар шаклҳои гуногун пешбинӣ карда шудааст. Бахусус ҷуброни талафоти воридшуда (Бразилия, Канада, Иттиҳоди Аврупо, Ҷопон, Швейтсария, ИМА), осон кардани дастрасии қарз (Канада, Иттиҳоди Аврупо, ИМА), ба таъхир андохтани пардохти қарзҳо (Бразилия), мусоидат ба дастрасии ашёи хом ва дигар ашёҳо (Чин, Ҷопон), навсозии инфрасохтори занҷираи таъминот (Ҳиндустон), беҳтар намудани технология ва таҷҳизоти истеҳсолӣ (Парагвай), озод намудани андози заминҳои кишоварзӣ (Миср), барномаи қарзӣ ва субсидияҳо (Ҳондурас), рақамисозии расмиёти содиротӣ (Парагвай) ва ғайраҳо роҳандозӣ шуданд.
Аммо тибқи гуфтаи коршиносон новобаста аз чораҳои андешидашуда таъсири бӯҳрони иқтисодии пешомада солҳо боқӣ монда, дар натиҷаи он тамоюли пастшавии сатҳи зиндагӣ, камбизоатӣ ва гуруснагӣ меафзояд. Мувофиқи ҳисоботи охирини Барномаи умумиҷаҳонии озуқавории СММ, 270 миллион нафар дар охири соли 2020 аз дастрасии маводи озуқаворӣ танқисӣ мекашанд, ки ин нишондод нисбат ба давраи пеш аз бӯҳронӣ 82 фоиз зиёд мебошад. Илова бар ин, айни замон кишварҳои Африқои Ҷанубӣ бо бӯҳронҳои дигар, аз қабили малах ва зукоми хук мубориза мебаранд, ки таъсири манфии вируси КОВИД-19 дар он минтақа бӯҳрони иқтисодиро дучанд мекунад.
Соҳаи савдо дар таъмини амнияти озуқавории ҷаҳонӣ ва паст кардани шиддати бӯҳрони иқтисодӣ нақши муҳим ва ҳалкунанда дорад. Аз ин лиҳоз рӯзи 31 марти соли ҷорӣ директорони генералии СУС, ФАО ва СУТ дар изҳороти муштараки худ қайд намуданд, ки савдо барои таъмини амнияти озуқаврӣ ва зиндагии миллионҳо нафар одамон дар саросари дунё нақши калидӣ дорад ва аз кишварҳо дархост шуд, ки дар занҷираҳои таъминоти маводи ғизоӣ ягон чораҳои маҳдудсозӣ амалӣ карда нашавад.
Дар робита ба ин рӯзи 18 июни соли 2020 дар ҷаласаи махсуси Кумитаи кишоварзӣ, ки ба ҳамагирии вируси COVID-19 бахшида шуда буд, як қатор масъалаҳо вобаста ба тадбирҳои аз ҷониби кишварҳои аъзо роҳандозишуда, саривақт пешниҳод нагардидани огоҳиномаҳо оид ба чораҳои андешидашуда ва риояи уҳдадориҳои гирифтаи давлатҳо дар соҳаи кишоварзӣ дар доираи созмон баррасӣ гардиданд.