Тоҷ  |  Рус  |  Eng

Хабарҳо

Рӯзи 4 июли соли равон дар доираи семинари сатҳи баланд оид ба савдо дар зерминтақаи Барномаи СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар шањри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария  13-умин вохўрии Гурўњи корї оид ба савдои СПЕКА баргузор гардид, ки онро Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин роҳбарӣ намуд.
Дар чорабинӣ масъалаҳо вобаста ба имкониятҳо ва мушкилоти ҳамкориҳо байни кишварҳо, нақшаҳои татбиқшавандаи минтақавӣ, иҷрои муқаррароти Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) оид ба соддагардонии расмиёти савдо, табодули таҷрибаи давлатҳо, кӯмакҳои ҳамдигарӣ байни кишварҳои минтақа, таҳкими ҳамкориҳо ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои Рушди Устувор, чораҳои ғайритарифӣ ва монеаҳои техникӣ дар савдо, соддагардонии расмиёти савдо ва рушди устувори тиҷоратӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Завќизода З. А. дастовардњои Љумњурии Тољикистонро дар соњаи савдои байналмилалї, аз ќабили иштироки кишвар дар Созмони Умумиљањонии Савдо, соддагардонии расмиёти савдо, таќвияти рушди содирот, тезонидани љараёни диверсификатсияи истењсолоти ба содирот нигаронидашударо муаррифї намуда, ќайд карданд, ки њанўз имкониятњои мављуда байни давлатњои аъзои СПЕКА пурра истифода нашудааст.
Инчунин зимни чорабинӣ бо мақсади таҳким додани ҳамкориҳои минбаъда вобаста ба савдо байни кишварҳои аъзои СПЕКА «Стратегияи минтақавии СПЕКА оид ба содагардонии савдо» ва санади дахлдор оид ба савдои байналмилалӣ ва Рушди устувор таҳия гардида, барои мувофиқа ба Ҳукуматҳои кишварҳои аъзо ирсол гардиданд.
Ќайд бояд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солњои охир роҳбарии Гурўњи кории СПЕКА оид ба савдоро ба уҳда дорад.

Баргашт ба руйхат