Тоҷ  |  Рус  |  Eng

Хабарҳо

Иштироки муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо дар 5-умин Саммити Иқтисодии Истанбул

Санаи 10 декабри соли 2021 бо мақсади иштирок дар 5-умин Саммити Иқтисодии Истанбул Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ба шаҳри Истанбули Туркия сафарбар шуд.
Чорабинии мазкур зери унвони “Иқтисодиёти Сабз” ташкил гардида, дар кори он, инчунин мавзуҳои “Муҳимияти Ҳадафҳои Рушди Устувори Иқтисоди Сабз”, “Раванди тағйир ва табдилёбии энергияи барқароршавандаи ҷаҳонӣ”, “Таъсири экотуризм ба иқтисодиёти муҳити зист, ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ”, “Тағйир додани экосистемаи мобилӣ ва ояндаи худмухтори мо”, Табдил додани электрификатсия дар саноати автомобилӣ”, “Чӣ гуна муомилоти сабз ва маблағгузории сабз тавозуни иқтисоди ҷаҳонро тағйир медиҳанд?” ва “Тавозуни нав дар занҷири шикастаи таъминот бо Ковид-19” мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Дар панелҳои дахлдор Абдураҳмонзода А.С. суханронӣ намуда, ба иштирокчиён маълумоти мушаххасро вобаста ба 4 ташаббусҳои башардӯстонаи сатҳи глобалии пешниҳоднамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои об, алалхусус пешниҳоди Тоҷикистон ҷиҳати эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028”, инчунин пешниҳод ҷиҳати эълон гардидани соли 2025-ум “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо манзур кард.
Ҳамзамон Абдураҳмонзода А.С. вобаста ба дастовардҳои назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тиҷорати электронӣ ва рақамикунонии иқтисодиёт иттилоъ дода, аз иштирокчиёни чорабинӣ, сармоягузоронва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки кишвар даъват ба амал овард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон якумин Тафсири сиёсати савдои худро дар назди Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) муаррифӣ намуд

            Рӯзҳои 6-8 декабри соли 2021 ҷаласаҳои якумин Тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СУС дар шаҳри Женеваи Швейтсария бо иштироки ҳайати расмии кишвар зери роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва намояндагони 164 кишвари аъзо баргузор гардиданд.
             Ҳайати расмии кишварро Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Файзуллозода М.У., Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода А.С., Муовини якуми Директори Агентии Тоҷикстандарт Давлатзода Р., Муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук Турсунзода А.Ҳ, Муовини Сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқаддасзода Ф. ва дигарон ҳамроҳӣ намуданд.
             Завқизода З. А. қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвияти иқтидори содиротӣ, диверсификатсияи содирот ва содагардонии расмиёти савдоро самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати кишвар дар соҳаи савдо муайян намудаанд.
Ҳамзамон Завқизода З. А. баён намуд, ки баъди узвият дар СУС дар натиҷаи андешидани тадбирҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ сарфи назар аз таъсири паёмадҳои омилҳои берунӣ вобаста ба буҳронҳои иктисодию молиявӣ, низоҳои тиҷоратӣ, таҳримҳои иқтисодии баъзе давлатҳо ва паҳншавии пандемияи COVID-19 дар ҷаҳон ҳаҷми содирот ду маротиба, номгӯи молҳои содиротӣ 1,8 маротиба, истеҳсоли молҳои саноатӣ 2,1 маротиба ва кишоварзӣ 1,3 маротиба афзоиш ёфта, нахустин бор дар таҷрибаи кишвар Равзанаи ягона оид ба содагардонии амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ, инчунин Портали савдои Тоҷикистон ҷорӣ карда шуданд.
              Роҳбари ҳайати расмии кишвар вобаста ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодии кишвар дар давоми қариб 9 соли узвият дар СУС маълумоти муфассал пешниҳод карда, ба зиёда аз 156 саволҳо ва изҳоротҳои кишварҳои аъзо, аз ҷумла Федератсияи Россия, ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Канада, Ҳиндустон, Исландия, Сингапур, Аргентина, Украина, Доминикан, Туркия ва Қазоқистон посух дод.
Раисикунандаи ҷаласаҳо сафири Ботсвана дар назди СУС ва муҳокимакунандаи (дискаснт) якумин Тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои номбурда Сафири Корея Таеҳо Ли дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти савдо, бахусус содагардонии расмиёти савдо ва фаъолият дар чаҳорчӯбаи ин созмони байналмилалӣ баланд арзёбӣ намуда, қайд карданд, ки Тоҷикистон дар давраи узвият дар СУС дар ташаббусҳои глобалии савдо фаъолона иштирок карда, рушди миёнасолонаи иқтисодиро дар ин давра 7 фоиз ва рушди миёнасолонаи савдоро 10% таъмин намуд.
               Дар охир кишварҳои аъзо ба Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи савдо ва иштирок дар низоми байналмилалии савдо мувафаққият ва бурдбориҳо орзу намуданд.
Вохӯрии ҳайати расмии кишвар бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Котиби генералии Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) хонум Ребека Гринспан

    Рӯзи 7 декабри соли равон ҳайати расмии кишвар бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Котиби генералии Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд хонум Ребека Гринспан дар шаҳри Женеваи Швейтсария вохӯрӣ намуд.
    Ҳайати расмии кишварро Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Файзуллозода М.У., Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода А.С., Муовини якуми Директори Агентии Тоҷикстандарт Давлатзода Р., Муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук Турсунзода А.Ҳ, Муовини Сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқаддасзода Ф. ва дигарон ҳамроҳӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ самтҳои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд ва низоми автоматии маълумоти гумрукӣ баррасӣ гардиданд.
     Завқизода З.А барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд миннатдорӣ баён намуда, дархост кард, ки дар масъалаҳои рақамикунонии иқтисодиёт, тиҷорати рақамӣ, содагардонии расмиёти савдо ва дигар самтҳои афзалиятнок кумакҳои худро бештар намояд, ки аз он ҷониб дастгирӣ ёфт.

Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Директори генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо Нгози Оконҷо Ивеала

     Рӯзи 3 декабри соли равон Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода З. А. бо Директори генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) хонум Нгози Оконҷо Ивеала дар шаҳри Женеваи Швейтсария вохӯрӣ намуд.
     Дар вохӯрӣ Завқизода З. А. хонум Нгози Оконҷо Ивеаларо барои ба вазифаи Директори генералии СУС таъин гардиданаш бори дигар табрик гуфта, қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи узвият ба СУС дар асоси дастуру супоришҳо ва роҳнамоиҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои рушди савдои хориҷӣ, тақвияти иқтидори содиротии кишвар, содагардонии расмиёти савдо ва дар маҷмӯъ рушди устувори иқтисодӣ ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла баъди узвият дар СУС шумораи шарикони тиҷоратӣ аз 90 то ба беш аз 110 кишвар, ҳаҷми содирот ду маротиба ва номгӯи молҳои содиротӣ 1,8 маротиба афзоиш ёфта, нахустин бор дар таҷрибаи кишвар Равзанаи ягона оид ба содагардонии амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ, инчунин Портали савдои Тоҷикистон ҷорӣ карда шуда, як қатор ислоҳоти муҳим дар соҳаи савдо амалӣ гардид.
     Ҳамзамон вобаста ба дар сатҳи баланд гузаронидани ҷаласаҳои якумин Тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СУС, ки рӯзҳои 6-8 декабри соли ҷорӣ пешбинӣ шудаанд, таклифу пешниҳодҳои судманд баён гардид.
Директори генералии СУС дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти савдо, бахусус содагардонии расмиёти савдо ва фаъолият дар чаҳорчӯбаи ин созмони байналмилалӣ натиҷабахш арзёбӣ намуда, ҷониби Тоҷикистонро барои ин дастовардҳо табрик гуфтанд.
      Завқизода З. А. Директори генералии СУС-ро барои иштирок дар чорабинии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои фосилавии “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028”, ки тобистони соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба Тоҷикистон даъват намуд, ки он хуш пазируфта шуд.
Мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Котиби иҷроия Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE)

      Рӯзи 2 декабри соли 2021 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо муовини Котиби иҷроия Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) Дмитрий Мариясин ва Сафири Ҷумҳурии Австрия дар
Швейтсария хонум Элизабет Тичӣ-Фисслбергер вохӯрӣ намуданд.
      Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории иктисодии Тоҷикистон бо Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо ва Австрия дар доираи СУС ва СПЕКА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Завқизода Завқӣ Амин барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд миннатдорӣ баён намуда, дархост кард, ки дар масъалаҳои рақамикунонии иқтисодиёт, тиҷорати рақамӣ, содагардонии расмиёти савдо, кишоварзӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки мавриди назар кумакҳои худро бештар намоянд, ки аз он ҷониб хуш пазируфта шуд.

Вохўрии Вазири рушди и?тисод ва савдои ?ум?урии То?икистон Зав?изода Зав?? Амин бо Намояндаи доимии ?ум?урии Корея дар назди ш?ъбаи СММ ва дигар ташкилот?ои байналмилал? дар Женева ?аноби Тае?о Ли

             Рӯзи 2 декабри соли 2021 дар ҳошияи ҷаласаҳои Якумин Тафсири сиёсати савдои кишвар дар назди СУС, ки 6-8 декабр дар шаҳри Женева баргузор мегарданд, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Намояндаи доимии Ҷумҳурии Корея дар назди шӯъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева ҷаноби Таеҳо Ли ҳамзамон муҳокимакунандаи Якумин Тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СУС вохӯрӣ намуданд.
            Дар мулоқот масъалаҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷаласаҳои Якумин Тафсири сиёсати савдои кишвар дар назди СУС баррасӣ гардиданд. Қайд бояд кард, ки ҷаноби Таеҳо Ли тибқи талаботи СУС ба ҳайси муҳокимакунандаи (дискаснт) Якумин Тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои номбурда масъалаҳои вобаста ба сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳогузорӣ намуда, баромад мекунад. Завқизода Завқӣ Амин ба Таеҳо Ли дар робита ба розигӣ доданашон барои муҳокимакунандаи Якумин Тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назари некашон нисбат ба дастовардҳои кишвар ҳамчун аъзои СУС миннатдорӣ баён намуд.

Ҷаласаи ғайрирасмии роҳбарони ҳайатҳо вобаста ба раванди интихоби Директори генералӣ
Намояндагии доимӣ бо арзи эҳтиром ба маълумоти шумо мерасонад, ки рӯзи 8 октябри соли 2020 дар Котиботи СУС ҷаласаи ғайрирасмии роҳбарони ҳайатҳо баргузор гардид.
Дар ҷаласа машваратҳои марҳилаи дуюми даври сеюми раванди интихоби Директори генералӣ, ки аз 24 сентябр то 6 октябри соли 2020 давом кард, натиҷагирӣ карда шуд.
Дар ин марҳила дар машварат бо кишварҳои аъзо шумораи номзадҳо аз 5 то 2 нафар кам карда шуданд. Баъд аз натиҷагирии машваратҳои марҳилаи дуюми даври сеюм номзадҳо аз кишварҳои Нигерия ва Кореяи Ҷанубӣ ба марҳилаи сеюм, яъне марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар раванди машваратҳо Раиси Шӯрои генералиро раисони Мақомот оид ба ҳалли баҳсҳо ва тафсири сиёсати савдо кумак менамоянд.
Бояд қайд намуд, ки аз миёни ду номзад, ки ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд,  Намояндагии доимӣ аз оғози раванди интихоби Директори генералӣ бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишвари Кореяи Ҷанубӣ номзад аз ин давлатро қобили таваҷҷуҳ шуморида буд.
Ҳамакнун дар марҳилаи ниҳоии машваратҳои даври сеюм, ки аз 19 то 27 октябри соли 2020 давом мекунад, дар машварат бо аъзо аз миёни ду номзад Директори генералии СУС интихоб карда мешавад.
Бо назардошти супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2020, №17854 (22.6) ва таҷрибаи қаблӣ барои муайян намудани мавқеи расмии кишвар Намояндагии доимӣ салоҳ мешуморад, ки ҳангоми интихоби номзад ба вазифаи Директори генералии СУС назари Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба инобат гирифта шавад.
Намояндагии доимӣ аз ҷониби худ минбаъд низ бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо СУС раванди интихоби Директори генералиро пайгирӣ намуда, аз натиҷааш марказро дар ҷараён хоҳад гузошт.
Маълумот оид ба таъсири вируси КОВИД-19 ба соҳаи кишоварзӣ
Намояндагии доимӣ бо арзи эҳиром ба шумо маълумот оид ба  таъсири вируси КОВИД-19 ба соҳаи кишоварзӣ ва чораҳои роҳандозишуда аз ҷониби кишварҳои аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС)-ро пешниҳод менамояд.
Шуюи вируси КОВИД-19 ва ҳамагирии босуръати он аллакай ба ҳама соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвараҳои ҷаҳон таъсири манфии худро расонидааст. Кишоварзӣ низ дар қатори дигар самтҳо аз ин бӯҳрон осебпазир буда, мушкилоти соҳа боиси нигаронии бисёре аз тавлидкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва вокуниши фаврии кишварҳои аъзои СУС гардидааст. Аммо мувофиқи маълумоти СУС дар ин давраи буҳронӣ соҳаи кишоварзӣ нисбат ба дигар соҳаҳои воқеии иқтисодӣ ба тобоварии бештар рӯбарӯ буда, таъсири манфии вируси КОВИД-19 ба ин соҳа камтар ба назар мерасад.
Савдои маҳсулоти кишоварзӣ дар моҳҳои март ва апрели соли 2020 (нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 мутаносибан 3,3 ва 0,6 фоиз) афзоиш ёфтааст. Савдои маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба дигар маҳсулот бо назардошти он ки интиқоли қисми зиёди маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрокворӣ (бахусус ғалладона ва зироатҳои равғанӣ) тавассути бандарҳо бо таври яклухт сурат мегирад ва ҳангоми ҳамлу нақли онҳо нисбатан ҳамкории шумораи ками қувваи кории физикӣ талаб мегардад, то андозае аз таъсири манфии вирус дар эмин мондааст. Бо назардошти ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳо ба фаъолияти воситаҳои нақлиётӣ, басташавии роҳҳои ҳавоӣ, инчунин зудвайроншаванда будани аксари маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳангоми интиқол вақти камро талаб намудани ин гуна маҳсулот, таъсири манфии вирус бештар ба соҳаи кишоварзии давлатҳое, ки дар хушкӣ ҷойгир шудаанд ва интиқоли маҳсулоти кишоварзиашонро тавассути воситаҳои нақлиётӣ ва интиқоли ҳавоӣ ба роҳ мондаанд, зиёдтар ба назар мерасад.
Қайд бояд кард, ки дар давраи бӯҳронӣ асосан содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладонагиҳо, маҳсулоти гӯштӣ, донагиҳо, зироатҳои равғанӣ, меваҳои тару тоза ва хушк афзоиш ёфта, содироти маҳсулоти кишоварзии ғайриғизоӣ, ба монанди пашм, пӯст, дарахтҳо, растаниҳо, гулҳо ва ғайраҳо босуръат коҳиш ёфтанд.
Афзоиши ибтидоии содироти бисёре аз маҳсулоти хӯрокворӣ бо назартдошти баста шудани тарабхонаҳо, ошхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва зиёд гардидани талабот ҷиҳати захиракунии маҳсулоти хӯрокворӣ дар шакли чакана ва истеъмоли онҳо дар хонаҳо ба моҳи марти соли 2020 рост меояд. Дар заминаи ваҳму ҳангомаи истеъмолкунандагон кишварҳои зиёд барномаҳои захиракунии маҳсулоти аввалияи хӯрокворӣ ва шакли тақсимоти он ба ниёзмндонро қабул намуданд, ки  дар натиҷаи он талабот ба маҳсулоти кишоварзӣ зиёд гардид. Дар моҳи апрел бошад ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар маҷмӯъ ба ҳамин давраи соли 2019 баробар буд.
Аз ҷониби СУС пахта ва коркарди маҳсулоти пахтагин бинобар сабаби аҳамияти хоси он барои баъзе кишварҳои камбизоат дар ҷаҳон аз наздик назорат карда шуда, содироти он аз аввали сол дар натиҷаи таъсири COVID-19 ба савдои ҷаҳонии либос ва коҳиш ёфтани масрафи умумӣ хеле коҳиш ёфт. Мувофиқи пешбиниҳои Кумитаи машваратии байналмилалӣ оид ба пахта (ICAC) талаботи ҷаҳонии пахта дар давраи бозорёбии солҳои 2019-2020 нисбат ба ҳамин давраи солҳои қаблӣ 13 фоиз коҳиш ёфта, содироти он дар ҷаҳон ба 8,6 миллион тонна коҳиш хоҳад ёфт.
Инчунин тибқи иттилои ин Кумита вируси КОВИД-19 тақрибан ба фаъолияти 4 миллион хоҷагиҳои деҳқонии хурд дар минтақаи Африқо ва кишварҳои камтараққикарда (LDC), аз ҷумла Бенин, Бурқина Фасо, Чад, Малӣ ва ғайра, ки аз 8 то 12 фоизи ММД-и онҳо аз ҳисоби пахта ва истеҳсоли он мебошад, таъсири ҷиддӣ расонидааст. Дар ин кишварҳо савдои пахта то 40 фоизи ҳаҷми умумии содиротро ташкил намуда, зиёда аз 33 фоизи қувваи кории миллӣ ба ин соҳа рост меояд.
Дар минтақаи Осиё бошад содироти маҳсулоти кишоварзӣ асосан дар семоҳаи аввали сол ва дар Аврупо ва Амрикои Шимолӣ моҳи апрели соли равон коҳиш ёфт. Аммо дар ин давра содироти маҳсулоти кишоварзии кишварҳои Мянмар, Ҳабашистон (новобаста аз давлатҳои камтараққӣ буданашон) ва Амрикои Ҷанубӣ зиёд шуд. Ин нишондиҳандаҳои мусбӣ асосан аз ҳисоби афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии кишвари Бразилия (14,2 фоиз дар моҳи март ва 30,6 фоиз дар моҳи апрел нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 зиёд шуд) мебошад, ки тақрибан нисфи содироти кишоварзии минтақаи Амрикои Ҷанубиро ташкил дода, асосан ба давлатҳои минтақаи Осиё содирот шудааст.
Мувофиқи маълумоти Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FAO) шохиси (индекси) арзиши маҳсулоти кишоварзӣ аллакай дар аввали соли 2020, ҳатто пеш аз ҳамагирии бӯҳрони COVID-19 ба тамоюли пастшавӣ рӯбарӯ буд. Шохиси арзиши маҳсулоти озуқавории Ташкилоти қайдгардида нишон медиҳад, ки пастравии зиёд асосан ба нархҳои равғани растанӣ, шакар, гӯшт ва маҳсулоти ширӣ рост меояд. Арзиши маҳсулоти ғалладонагӣ бошад бо назардошти ҷорӣ гардидани як қатор маҳдудиятҳо барои содирот, инчунин бо таври яклухт ва кам интиқол додани онҳо нисбатан мӯътадил нигоҳ дошта шуд. Дар нимсолаи якуми соли 2020 афзоиши аввалини арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла барқароршавии нархҳои равғани растанӣ, шакар, гӯшт ва маҳсулоти ширӣ пас аз коҳиши шадиди моҳи май то 2,4 фоиз дар моҳи июн ба қайд гирифта шуд. Аммо мутахассисон бар ин назаранд, ки бо назардошти тӯлонитар будани бӯҳрони иқтисодӣ, ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳо, мушкил гардидани занҷираи таъминкунӣ, таваҷҷуҳи хоса ба рушди истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ ва кам гардидани талабот ба он арзиши маҳсулоти кишоварзӣ дар сатҳи пасттар боқӣ хоҳад монд.  
Тадбирҳое, ки ҳукуматҳо барои рафъи оқибатҳои бӯҳрони COVID-19 роҳандозӣ намуданд, асосан ба ду зина тақсим мешаванд:
Чораҳои марҳилаи якум бо мақсади пешгирии паҳншавии вирус ва кафолати  дастрасии маводи хӯрока ба аҳолӣ ва марҳилаи дуюм барои ислоҳи вазъи бӯҳронӣ, барқарории занҷираҳои шикастаи таъминкунӣ, инчунин расонидани кӯмак ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзиро дар бар гирифта, ин ду зина дар бисёр вақтҳо ҳамзамон иҷро мегардиданд.
Марҳилаи 1: идоракунии бӯҳрон
Вақте ки бӯҳрони тандурустии COVID-19 ба миён омад, кишварҳо дарҳол як қатор чораҳои фарогирро амалӣ намуданд, ки онҳоро ба се категория тақсим кардан мумкин аст:
a) чораҳои басташавӣ, масалан маҳдудкунии савдо, талабот оид ба фосилагирии иҷтимоӣ, маҳдудияти ҳаракат ва манъи сафар, тадбирҳои дахлдор дар сарҳад ва басташавии онҳо;
б) таваҷҷуҳ ба соҳаи кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ ва савдои чакана ҳамчун самтҳои асосии фаъолият;
в) тадбирҳо барои кафолати захираҳои кофии озуқаворӣ, ба монанди мусоидат ба воридот ( паст кардани тарифҳо, содагардонии расмиёти марзӣ, сабук кардани талаботи тамғагузорӣ), маҳдуд кардани содирот, сохтан ё васеъ кардани анборҳои нигоҳдорӣ ва тақсим кардани хӯрок ба аҳолии осебпазир.
Таҳдиди хатари ҷиддии вируси КОВИД-19 ба саломатии мардум ва маҳдудиятҳои иҷтимоӣ ба норасоии қувваи корӣ дар занҷираи таъминоти маводи озуқаворӣ, коҳиши  истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳосил ва тақсимоти маҳсулоти хӯрокворӣ боис гардид.
Хусусан коркарди зироатҳои гаронарзиш, ки маъмулан бештар меҳнатталабанд ва дар баъзе минтақаҳо ба муҳоҷирони меҳнатӣ вобастагӣ дорад, зарари ҷиддӣ диданд. Мутахассисони соҳа ба ин назаранд, ки зиёда аз чоряки корҳои хоҷагиҳои деҳқониро дар ҷаҳон муҳоҷирони меҳнатӣ анҷом медиҳанд. Масалан дар Италия 90 фоиз, Фаронса 80 фоиз, Австралия 50 фоиз ва ИМА 10 фоизи коргарони соҳаи кишоварзиро шаҳрвандони дигар кишварҳо ташкил медиҳад, ки асосан ин корҳо мавсимӣ мебошанд ва дар натиҷаи басташавии сарҳадҳо ба соҳа хисороти зиёд ворид шудааст.
Бо мақсади бартараф намудани ин мушкилоти пешомада дар соҳаи кишоварзӣ аз тарафи чанде аз қудратҳои бузурги иқтисодӣ имтиёзҳо ва тадбирҳои содагардонӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ пешниҳод карда шуд. Аз ҷумла дар моҳҳои март ва апрел аз ҷониби Олмон, ИМА, Австралия, Италия, Зеландияи Нав, Канада, Хитой ва ғайраҳо маҳдудиятҳои вурудӣ барои муҳоҷирон сабук карда шуда, як қатор имтиёзҳо, ба монанди сода намудани низоми дастрасии раводид ва тамдиди он, дароз намудани шартномаи муҳоҷирон ва ҳатто расонидани кӯмакҳои молиявӣ пешниҳод гардид.
Инчунин дар баъзе давлатҳо ба хотири пешгирии ҳамагирии вирус тадбирҳои маҳдудкунандаи воридотии санитарӣ ва фитосанитарӣ қабул карда шуданд. Дар аввал воридоти ҳайвонот ва ё транзит тавассути минтақаҳои аз вирус осебдида маҳдуд гардида, талаботи сертификатсия зиёд карда шуданд. Бо вуҷуди ин моҳи апрел дар робита ба додани иҷозат ба мақоми назоратӣ барои истифодаи муваққатии шаҳодатномаҳои фитосанитарӣ ва ё байторӣ аз ҷониби кишварҳои аъзои СУС ба Котиботи созмон огоҳиномаҳо пешниҳод шуданд. Дар маҷмӯъ то охири моҳи июл аз тарафи 23 кишвар вобаста ба вируси КОВИД-19 огоҳиномаҳо танҳо оид ба чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ ба СУС дастрас карда шуданд.
Чораҳои тарифӣ, ки дар посух ба бӯҳрони КОВИД-19 андешида шудаанд, асосан тамоюли озодкуниро нишон дода, ба таъмини устувории маҳсулоти хӯрокворӣ равона шудааст. Зиёда аз 20 кишвар, аз ҷумла Туркия, Ӯзбекистон, кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, Қатар, Африқои Ҷанубӣ, Самоа, Марокаш, Коста-Рика, Салвадор, Чад, Мавритания ва ғайраҳо барои маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ тарифҳои гумрукиро муваққатан коҳиш дода, баъзеи онҳо ин маҳсулотро аз боҷ озод намуданд.
Баъзе давлатҳои дигар бошанд ба соҳаи кишоварзӣ имтиёзҳои гуногунро, ба мисли додани қарзҳои дарозмуддат бо фоизи паст ва ё бефоиз (Швейтсария),  ба таъхир андохтани пардохти боҷ  (Шоҳигарии Арабистони Саудӣ), муваққатан озод кардани андоз аз арзиши иловашуда (Кения), пешбинӣ кардани квотаҳои тарифӣ барои маводи ниёзи аввалияи мардум (Лихтенштейн), тезонидани расмиёти гумрукӣ ва эҷоди “долонҳои сабз” (Иттиҳоди Авпупо) пешниҳод карданд.
Ҳамзамон бо мақсади пешгирии вирус ва бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ як қатор кишварҳои асосии содироткунандаи маҳсулоти кишоварзӣ, ба монанди Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Таиланд, Украина, Иттиҳоди Аврупо, Камбоҷа, Миср, Салвадор, Ҳондурас, Македония, Мянма ва Ветнам ба содироти маҳсулоти хӯрокворӣ (гандум, орд, биринҷ, офтобпараст, равған, тухм, макарон, шакар, намак, сабзавот, шароб  ва хӯроки чорво) маҳдудият ҷорӣ намуданд, ки бархеи он тадбирҳо аллакай бекор карда шуданд.

Марҳилаи 2: Таъмини занҷираҳои таъминот ва кӯмак ба истеҳсолкунандагони кишоварзӣ
Тадбирҳое, ки ҷиҳати дастгирии кишоварзон дар марҳилаи дуюм пешбинӣ шудаанд,  ба се категория тақсим кардан мумкин аст:
а) чораҳо оид ба рушди устуворӣ (тобоварӣ);
б) тадбирҳо оид ба дастгирии даромади истеҳсолкунандагон;
в) чораҳо вобаста ба дастгирии содирот ва содда кардани савдо.
Дар марҳилаи дуюм низ ба хотири бартараф намудани хисороти дар натиҷаи вирус ба соҳаи кишоварзӣ воридшуда аз ҷониби кишварҳо барномаҳо ва  кӯмакҳо дар шаклҳои гуногун пешбинӣ карда шудааст. Бахусус ҷуброни талафоти воридшуда (Бразилия, Канада, Иттиҳоди Аврупо, Ҷопон, Швейтсария, ИМА), осон кардани дастрасии қарз (Канада, Иттиҳоди Аврупо, ИМА), ба таъхир андохтани пардохти қарзҳо (Бразилия), мусоидат ба дастрасии ашёи хом ва дигар ашёҳо (Чин, Ҷопон), навсозии инфрасохтори занҷираи таъминот (Ҳиндустон), беҳтар намудани технология ва таҷҳизоти истеҳсолӣ (Парагвай), озод намудани андози заминҳои кишоварзӣ (Миср), барномаи қарзӣ ва субсидияҳо (Ҳондурас), рақамисозии расмиёти содиротӣ (Парагвай) ва ғайраҳо роҳандозӣ шуданд.
Аммо тибқи гуфтаи коршиносон новобаста аз чораҳои андешидашуда таъсири бӯҳрони иқтисодии пешомада солҳо боқӣ монда, дар натиҷаи он тамоюли пастшавии сатҳи зиндагӣ, камбизоатӣ ва гуруснагӣ меафзояд. Мувофиқи ҳисоботи охирини Барномаи умумиҷаҳонии озуқавории СММ, 270 миллион нафар дар охири соли 2020 аз дастрасии  маводи озуқаворӣ танқисӣ мекашанд, ки ин нишондод нисбат ба давраи пеш аз бӯҳронӣ 82 фоиз зиёд мебошад. Илова бар ин, айни замон кишварҳои Африқои Ҷанубӣ бо бӯҳронҳои дигар, аз қабили  малах ва зукоми хук мубориза мебаранд, ки таъсири манфии вируси КОВИД-19 дар он минтақа бӯҳрони иқтисодиро дучанд мекунад.
Соҳаи савдо дар таъмини амнияти озуқавории ҷаҳонӣ ва паст кардани шиддати бӯҳрони иқтисодӣ нақши муҳим ва ҳалкунанда дорад. Аз ин лиҳоз  рӯзи 31 марти соли ҷорӣ директорони генералии СУС, ФАО ва СУТ дар изҳороти муштараки худ қайд намуданд, ки савдо барои таъмини амнияти озуқаврӣ ва зиндагии миллионҳо нафар одамон дар саросари дунё нақши калидӣ дорад ва аз кишварҳо дархост шуд, ки дар занҷираҳои таъминоти маводи ғизоӣ ягон чораҳои маҳдудсозӣ амалӣ карда нашавад.
Дар робита ба ин рӯзи 18 июни соли 2020 дар ҷаласаи махсуси Кумитаи кишоварзӣ, ки ба ҳамагирии вируси COVID-19 бахшида шуда буд, як қатор масъалаҳо вобаста ба тадбирҳои аз ҷониби кишварҳои аъзо роҳандозишуда, саривақт пешниҳод нагардидани огоҳиномаҳо оид ба чораҳои андешидашуда ва риояи уҳдадориҳои гирифтаи давлатҳо дар соҳаи кишоварзӣ дар доираи созмон баррасӣ гардиданд.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар кори маҷлис нахуст масъалаи вобаста ба Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2020 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016 «Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ҳисобот дод. Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии Барнома зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, кам кардани вобастагии бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти асосии ниёзи мардум, баланд бардоштани қобилияти рақобатнокии маҳсулот, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, инчунин бунёди фазои шарикӣ ва ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, таъсиси марказҳои муосири логистикӣ, рушди долонҳои байналмилалии коммуникатсионӣ, нақлиётӣ ва иқтисодӣ мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид намуданд, ки бо мақсади иҷрои Барнома дар солҳои 2016-2019 ҷиҳати таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, такмили асосҳои институтсионалӣ, диверсификатсияи содирот, соддагардонии расмиёти савдо ва дарёфти бозорҳои нави фурӯш як қатор тадбирҳои назаррас амалӣ гардиданд.
Дар кори маҷлиси навбатии ҳукумат баъди муҳокима лоиҳаи як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ» барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024, Барномаи тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғони дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё маҳдуд кардани озодӣ адои ҷазонамуда барои солҳои 2020-2024, Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 ва Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат, Раиси ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва дигар масъулони соҳаҳои дахлдорро барои таъмини иҷрои босифату саривақтии Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2020 ва стратегияву барномаҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дастуру супоришҳои дигар ҳамчунин ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ доир ба тақвияти омодагиҳо ба давраи тирамоҳу зимистон ва соли хониши 2020-2021, таъмини хонандагон бо сару либоси мактабӣ, таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ, вусъати тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолу содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ, суръат бахшидани ҷамъоварии ҳосили ғаладона ва захира намудани маводи озуқа, мунтазам гузаронидани корҳои безараргардонӣ дар бинову иншооти давлатию ҷамъиятӣ, хизматрасонӣ ва истиқоматӣ вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва ҳали саривақтии масъалаҳои вобаста ба муроҷиати шаҳрвандон дода шуд.

http://www.president.tj/node/23270

Ҷаласаи даҳуми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо баргузор гардид

Рӯзи 31 марти соли 2020 ҷаласаи даҳуми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо (КҲСРС) бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ роҳбарӣ намуда, қайд намуд, ки мақсади асосии баргузор намудани ҷаласаи даҳуми КҲСРС иҷрои саривақтӣ ва сифатнокии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми навбатии худ вобаста ба суръат бахшидани корҳо ҷиҳати татбиқи Равзанаи ягонаи амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ ба мақомоти дахлдор супориш дода буданд, мебошад.
Дар доираи ҷаласа нақшаи кории Кумита барои соли 2020, рафти амалишавӣ ва тарзи истифодабарии давраи пилотии Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар кори ҷаласа муколамаи озод байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ сурат гирифт, ки масъалаҳои баррасишаванда бевосита ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва рушди босуботи иқтисодии кишвар мусоидат менамояд.  
Дар интиҳои ҷаласа, супоришҳои дахлдор ба мақоми мутасаддӣ вобаста ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта дода шуд ва протоколи ҷаласаи КҲСРС барои баррасӣ ва иҷро ба мақомоти марбут ирсол гардид.

Портали савдои Тоҷикистон дар нашрияи созмонҳои байналмилалӣ соли 2019 ҳамчун намунаи беҳтарин пазируфта шуд

Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ва Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд аз натиҷаи арзёбии соҳаҳои савдо ва сармоягузории кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором дар соли 2019 нашрияи худро ба чоп расонид,  ки дар он Портали савдои Тоҷикистон ҳамчун намунаи беҳтарин ва дастоварди муҳим миёни кишварҳои минтақа пазируфта шуд.
Дар нашрияи қайдгардида ба Портали савдои Тоҷикистон, ки расман 26 апрели соли 2019 аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Маркази Тиҷорати Байналмилалӣ, бо кӯмаки молиявии Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария ва дигар шарикони рушд, аз ҷумла Барномаи Рушди СММ ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо таҳия гардида, мавриди амал қарор гирифт, ҳамчун платформаи намунавӣ барои кам кардани вақт ва хароҷот ҳангоми содирот, воридот ва транзит, инчунин содда ва шаффоф гардонидани чораҳои ғайритарифӣ дар савдо баҳои баланд дода шудааст.
Коршиносони созмонҳои мазкур иштироки бахши хусусӣ ва ҷойгир намудани пешниҳоди онҳоро дар Портали савдои Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, барои расидан ба рушди босуботи иқтисодӣ ҳамкории бахши давлатӣ ва хусусиро яке аз самтҳои калиди ҳисоб менамоянд.
Айни замон дар Портал маълумот оид ба расмиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитии 51 гурӯҳи номгӯи молӣ баробар ба зиёда аз 1500 молу маҳсулот, аз ҷумла расмиёти содиротии 19 номгӯи маҳсулот, расмиёти воридотии 30 номгӯи маҳсулот ва расмиёти транзитии 2 номгӯи маҳсулот ҷойгир карда шудааст.
Инчунин дар Портали савдои Тоҷикистон маълумоти оморӣ оид ба имкониятҳои содиротии кишвар, давлатҳои ҳамшарики тиҷоратӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти савдои хориҷӣ ҷой дода шудааст.
Новости 1 - 20 из 68
Начало | Пред. | 1 2 3 4 | След. | Конец